Пайвандҳои дастрасӣ

Русҳо ва полякҳоро ба оштӣ даъват мекунанд


Патриарх Кирилл бо Бронислав Коморовский

Патриарх Кирилл бо Бронислав Коморовский

Қарор аст Патриарх Кирилл-раҳбари калисои Ортодокс рӯзи ҷумъа дар санаде имзо гузорад, ки он русҳо ва полякҳоро ба оштӣ даъват мекунад. Дар он гуфта мешавад, ки ин ду мардум сафҳаҳои тираи таърихи муносиботи худро фаромӯш кунанд.

Дар ин санад Кирилл ва усқуфи аъзам Йозеф Михалик-раҳбари конфронси усқуфҳо имзо мегузоранд. Маросими имзо дар калисои салтанатии Варшава баргузор мешавад. Рӯзи панҷшанбе патриарх Кирилл дар Варшава бо раҳбарони калисои католикҳо ва бо Бронислав Коморовский мулоқот ва масъалаҳои мусолиҳаро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG