Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон 2 сарбози амрикоӣ кушта шуданд


Нируҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, ки рӯзи ҷумъа як корманди пулиси афғон дар вилояти Фароҳ ду сарбози амрикоиро ҳадафи тир қарор додааст. Ҷемӣ Грейбел-сухангӯи НАТО ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки ин пулиси афғон низ кушта шудааст.

Дар хабари матбуотии нируҳои НАТО омадааст, ки ин корманди пулис дар ин ҳамла худаш танҳо будааст. Бино ба маълумоти НАТО аз оғози сол то ҳол 39 нафар сабозони хориҷӣ ба дасти кормандони афғон ё нируҳои амниятии Афғонистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG