Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар амалиёте дар Қазоқистон 9 "террорист" кушта шуд


Нируҳо дар маҳали амалиёт

Нируҳо дар маҳали амалиёт

Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, ки дар яке аз деҳоти наздик ба шаҳри Алмаато дар ҷараёни амалиёти вижа субҳи рӯзи ҷумъа 9 “террорист” кушта шудаанд. Нурдавлат Суиндиков-сухангӯи Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ин 9 нафар дар деҳаи Тан ҳангоми амалиёти боздошт ба сӯи нируҳои амниятӣ оташ кушодаанд ва дар оташи ҷавобӣ ба қатл расидаанд.

Ба гуфтаи сухангӯи Додситонии кул, ин 9 нафар бо куштори 11 нафар дар боғи миллӣ иртибот надоштаанд, балки дар инфиҷори 11 июл дар деҳаи Таусамалӣ шарик будаанд. 11 июл онҳо баме месохтанд ва ғайричашмдошт бам мунфаҷир шудааст.
XS
SM
MD
LG