Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 9 гумонбари терроризм кушта шуд


Дар пайи амалиёти махсуси нерӯҳои амниятӣ 9 нафари мазнун дар амалҳои террористӣ дар Қазоқистон кушта шудаанд.

Мақомоти расмии Қазоқистон аз кушта шудани нӯҳ нафари мазнун ё гумонбар дар амалҳои террористӣ дар вилояти Алматии ин кишвар хабар доданд.

Амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ барои боздошт ва безарар гардонидани ин афрод соати панҷи субҳи 17-уми август оғоз ёфтааст.

Дар аввал маъмурони пулис чанд фардро, ки барои иштирок дар амалҳои террористӣ гумонбар дониста мешуданд, таҳти назорат гирифтааст. Аммо баъдан, ҳангоми боздошт онҳо муқобилат карда, сӯи нерӯҳои давлатӣ тир холӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ин ҳодиса як тан аз маъмурони пулис ҷароҳат бардоштааст. Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, аммо сокинони маҳаллӣ аз ин ҳодиса осеб надидаанд. То замони шурӯи амалиёт сокинон аз манзилҳои худ ба берун бароварда шудаанд.

Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби густурда доштааст. Айнур Нуртай, яке аз сокинони Алматӣ, дар сафҳаи худ дар Твиттер навиштааст, "дар Алматӣ чӣ мегузарад? Хоҳарам дар Мирас кор мекунад. Барои ба кор рафтан иҷоза намедиҳанд..." Мисли ӯ чанд нафари дигар дар изтироб афтода, суол кардаанд, ки "Барои чӣ иттилои дақиқ нест? Барои чӣ пулис хомӯш аст?"

Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса мегӯяд, ин дувумин ҳодисаи "фавқулода" дар рӯзҳои ахир дар Алматист. Дар оғози ҳафта, ба гуфтаи ӯ, дар Оқсой 11 нафар ваҳшиёна кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG