Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи Додситонии кул ба пурсиши яке дигар аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар Бадахшон оғоз кардааст.

Дар ин бора манобеи вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд. Ба қавли манбаъ, яке аз айбҳое, ки Мамадбоқир ба он муттаҳам мешавад, ташкили гирдиҳамоии рӯзи 11-уми август дар Хоруғ мебошад, ки "ғайриқонунӣ" будааст.

Ин гирдиҳамоӣ як рӯз пас аз ҳалокати ду шаҳрванди мулкӣ аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ дар постгоҳи Бидурд, дар майдони назди шаҳрдории Хоруғ, баргузор шуда буд. Дар он зиёда аз 500 сокини шаҳр, асосан ҷавонон ширкат варзида, ба дунболи ваъдаи мақомот дар мавриди оғози парвандаи ҷиноӣ ва таҳқиқи мунсифонаи ҳодиса, пароканда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи мӯътамади мақомоти вилоятӣ гуфт, бо оғози ҳамкории Мамадбоқир бо мақомоти тафтишотӣ, қазияи Хоруғ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст ва зарурат ба ҳузури низомӣ дигар намондааст. Вай баён дошт, ин нигаронӣ, ки тарафе мехоҳад қазияи Мамадбоқирро барои ноором кардани авзоъ дар маркази вилоят истифода кунад, аз байн рафт.

"Айни ҳол шаҳр ором аст, идораву муассисаҳо ва бозорҳо кор мекунанд, гузаргоҳҳои марзӣ бо Чину Афғонистон боз мебошанд, ҷинояткорӣ дар сатҳи поинтар аз моҳҳои қаблӣ қарор дорад ва ин ҳама нишонаҳо сулҳу оромиш дар Хоруғ ҳастанд",-илова кард ӯ.

Ба гуфтаи ин манбаъ, агарчанде бо халъи силоҳ дар Хоруғ аз ягон ҷониб, ба истиснои ҳодисаи постгоҳи Бидурд садои тир шунида нашудааст, вале баръакс рӯзҳои охир дар маҳаллаҳои ҳаммарзи Афғонистон ноамниҳо ба назар мерасанд, ки метавонанд ба авзоъ дар минтақа таъсир гузоранд. Ба дунболи кушта шудани вулусволи Шуғнони Афғонистон дар роҳ ба сӯйи Файзобод, ҳамакнун дар бархе аз маҳаллаҳои марзии Афғонистон шомгоҳон садои тир баланд шуда, мардумро дар ин тарафи марз ба таҳлука меандозад.

Манбаъ афзуд, байни раиси вилоят ва вазирони сохторҳо қудратӣ, дар мавриди авзои марз табодули афкор сурат гирифтаааст. Гуфта шудааст, назорати марзи тӯлонии байни Тоҷикистону Афғонистонро дар минтақаи Бадахшон метавон танҳо дар ҳамкорӣ бо мардум тақвият бахшид ва ба ин манзур ҷавонон бояд ба хизмат дар сохторҳои қудратӣ бештар ҷалб шаванд.

Аз сӯе ҳам собиқадорони ҷангу меҳнат, занон ва ҷавонон бо номае ба президенти кишвар муроҷиат намуда, хоҳони дар арафаи Иди Фитр афв кардани фарзандони дар муқовимат иштирокдошта шуданд ва ваъда доданд, ки дар ислоҳи мушкилоти ҷомеа саҳми бештаре мегузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG