Пайвандҳои дастрасӣ

Посгоҳҳои низомиро аз шаҳри Хоруғ - маҳалли даргириҳои нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои саркаши Бадахшон – барчидаанд ва хуруҷи нирӯҳои давлатӣ аз Хоруғ низ шурӯъ шудааст. Посгоҳҳои низомӣ дар Хоруғ дар пайи амалиёти низомии рӯзи 24 июл, ки бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли раҳбари идораи амнияти вилоят Абдулло Назаров сар шуда, зери 70 кушта ба ҷо гузошт, ташкил шуданд. Сокинони маҳаллӣ рӯзи 11 август, дар пайи ҳалокати ду мусофир дар як посгоҳ барчидани посгоҳҳоро аз ҳукумат талаб карданд.
XS
SM
MD
LG