Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми "Pussy Riot" имрӯз эълон хоҳад шуд


Як ҳунарнамоии дигари "Pussy Riot" дар рӯбарӯи Кремл
Як ҳунарнамоии дигари "Pussy Riot" дар рӯбарӯи Кремл
Додгоҳи Маскав имрӯз ҳукми 3 овозхони гурӯҳи “Pussy Riot”-ро эълон хоҳад кард. Ин 3 зан ба авбошӣ дар заминаи адовати мазҳабӣ айбдор мешаванд. Онҳо рӯзи 21 феврал дар меҳроби калисои Исои Наҷотбахш дар маркази Маскав таронаеро алайҳи бозгашти Владимир Путин ба курсии раёсат иҷро карданд. Онҳо иттиҳоми таҳқири эътиқоди диндоронро радд карда мегӯянд, эътирози онҳо алайҳи бозгашти Путин буд. Ин қазия мавҷи маҳкумияти байналмилалиро ба бор оварда, ситораҳое, чун Пол МакКартнӣ, Мадонна ва Стинг аз “Pussy Riot” ҳимоят карданд.
XS
SM
MD
LG