Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мун ҳамла ба шиъаҳо дар Покистонро маҳкум кард


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳамлаи, ба гуфтаи ӯ, “мудҳиш” алайҳи шиъаҳо дар Покистонро шадидан маҳкум кард. Ба гуфтаи мақомот, афроди мусаллаҳ беш аз 20 шиъаро дар наздикии Гилгит дар вилояти шимолуғарбии Покистон аз автобус берун кашида, паррондаанд. Бан Ки Мун аз чунин ҳамлаҳо дар заминаи эътиқоди мазҳабӣ дар Покистон сахт интиқод кард. Автобуси ҳомили шиъаҳо аз Равалпиндӣ ба Гилгити умдатан шиъанишин мерафт, вале дар теппаҳои Бобусор, тақрибан 160-километрии пойтахт- Исломобод – ҳадафи шабехун қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG