Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурияти нозирони СММ дар Сурия поён меёбад


Жерар Аро
Жерар Аро
Шӯрои Амнияти СММ рӯзи панҷшанбе ба хатми маъмурияти ҳайъати нозирони ин созмон дар Сурия амр дод. Жерар Аро – сафири Фаронса дар СММ, ки раёсати давраии Шӯрои Амниятро бар ӯҳда дорад, гуфт: «Маъмурияти нозирон рӯзи 19 август ба поён мерасад ва агар тамдид нашавад, пас ба анҷом хоҳад расид. Аз байн бурдани ин маъмурият то чанд рӯзи дигар оғоз хоҳад ёфт.» Бо онки ҳайъати нозирони ғайримусаллаҳи СММ то чанд рӯзи дигар Димишқро тарк хоҳад гуфт, дафтари мулкии тамоси ин созмон ба хотири назорати авзоъ дар Сурия боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG