Пайвандҳои дастрасӣ

“МН”: Душанбе ба Маскав гузашт мекунад


Нашрияи “Московские новости”(МН) бо такя ба манобеъаш дар Душанбеву Маскав хабар дод, ки Тоҷикистон ба Русия худдорӣ аз имзои қарордоди пойгоҳ то соли 2016-ро пешниҳод карда, гуфтааст, баъди 4 сол шартҳои Русияро хоҳад пазируфт.
Замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон соли 2014 ба поён мерасад, вале ду ҷониб то ҳол бар сари шароити тамдиди он ба тавофуқ даст наёфтаанд. Бино ба хабарҳо, Душанбе дар иваз аз Маскав 250 миллион доллар пули иҷора мехоҳад, ки ҷониби Русия қабул надорад. Маскав аз сӯи худ ба тамдиди ҳузури пойгоҳаш бароb 49 сол исрор меварзад, ки ба гуфтаи манобеъи огоҳ, ин барои Душанбе мақбул нест.
XS
SM
MD
LG