Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни "Қуръон"-хонӣ дар байни муҳоҷирони тоҷик


Дар Маскав бо ибтикори созмони ҷавонони тоҷики Русия озмуни “Қуръон”-хонӣ дар байни муҳоҷирони тоҷик доир шудааст. Иззат Амон, раиси ин созмон гуфтааст, ки озмун дар ду бахш – ҳифз (азёд донистани “Қуръон”) ва таҷвид(қироати дурусти оятҳо) – гузашт. Дар бахши ҳифзи “Қуръон” Ҳайдаралӣ Муродов ва дар сабқати таҷвид Лутфуллоҳ Назаров баранда шудаанд. Барои барандагони ҷои аввал 1000 доллар, ноутбук ва роҳхати Ҳаҷҷ, барои ҷои дувум - 1000 доллару телевизор ва барои ҷои севум – 700 доллар ва телевизор ҷоиза таъйин шуда буд.
XS
SM
MD
LG