Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро сифати бензини “Газпром нефти Тоҷикистон” паст шудааст?


Ширкати “Газпром нефти Тоҷикистон” ахиран миқдор муайяни бензини навъи Аи-91-ро аз як корхонаи коркарди нафти Узбакистон харидорӣ кард.

“Озодӣ” санади гумрукиеро дарёфт кард, ки мегӯяд, ин корхона дар санаи 25 июли соли ҷорӣ, 700 тонна бензини навъи Аи-91 ро бо қиммати 800 долларӣ барои ҳар тонна аз Узбакистон ба Тоҷикистон ворид кард. Бензин бар асоси қарордоди 272/031 аз 06.06.2012. ва бо мўҳри «Қараул-Бозор-730303» ба сўи Тоҷикистон ҳаракат кард ва дар таърихи 27 июл ба Истгоҳи Роҳи Оҳани Душанбе-2 расид.

Шикоятҳо аз бесифат шудани бензини Ширкати «Газпром нефт-Тоҷикистон» ба думболи ҳамин воридоти ахир бештар шуданд. Дар ҳоле, ки дар нуктаҳои фурӯши маводи сӯхти “Газпром нефти Тоҷикистон” навъи бензин ҳамоно “92, 95” навишта шудааст, муштариёни ин ширкат мегӯянд, ҳоло маводи сӯхти ширкат то андозае бесифат шудааст, ки “чиррасти” мошинро ба ҳаво мебардорад.

Ширкати “Газпром нефти Тоҷикистон” аз “монополист”-ҳои бозори фурӯши бензин дар Тоҷикистон буда, солона беш аз 50 дар сади маводи сухтро аз хориҷ ба кишвар ворид мекунад. Ин ширкат асосан бензини навъи 92, 95 ва гоҳо 98 -и истеҳсоли Русияро ба фурӯш мебарорад.

Аммо ҳоло аксари ронандаҳо мегӯянд, ки дигар дар байни бензини Ширкати «Газпром нефт-Тоҷикистон» ва ширкатҳои дигар фарқ намондааст. Мақомоти ширкат сабаби ногаҳон поён рафтани сифати бензин посух надоданд.

Аммо ин далел, ки ширкат ахиран бензини навъи Аи-91, истеҳсоли Узбакистонро харидорӣ кард, вале онро то ҳол ба фурӯш набаровард, шубҳаеро дар зеҳни ронандаҳо пайдо кардааст, ки мабодо ширкат ҳамин навъи бензини узбакиро бо тамғаи бензини босифати русӣ ба фурӯш бароварда бошад?

Як манбаъ дар доираҳои тиҷоратӣ ба Радио Озодӣ гуфт: «Сифати бензине, ки имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши «Газпромнефт-Тоҷикистон» ҳаст, аз сифати бензине, ки 3 моҳ пеш дар ҳамин нуқтаҳо фурўхта мешуд, фарқи зиёд мекунад. Яъне сифати бензини ин нуқтаҳо хеле паст шудааст. Зеро ин бензин бензини корхонаҳои коркарди нафти Бухорои Узбакистон аст. Ва инро мешавад дар нуқтаҳои дилхоҳи гумрукии Тоҷикистон исбот кард."

Ҳаминро бояд қайд кард, ки ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» то 3-4 соли қабл дар Тоҷикистон ҳамчун монополисти воридотӣ буд, яъне бештар аз 50%-и бензини Тоҷикистонро ҳамчун монополист ворид мекард. Аммо дар солҳои ахир ин ширкат тамоми нуқтаҳои фурўши бензинро дар тамоми сар то сари Тоҷикистон аз худ карда, яъне, ки харида ба монополисти фурўши чакана табдил ёфтааст.

Дар гузашта Оҷонсии "Тоҷикстандарт" дар минтақаи Кӯлоб аз болои намояндагии «Газпромнефт»-и Русия ба додгоҳ шикоят бурд ва гуфт, ки ин ширкат беш аз ҳазор тонна бензини навъи 80-ро бо тамғаи 92 дар Кӯлоб ба фурӯш баровард.

Бизнеси маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз бахшҳои сердаромади иқтисод аст, ки дар монополияи шадид қарор дорад ва дар он ҷойгоҳ ёфтани ширкатҳои тозатавлид тақрибан номумкин аст.

Дилором Табарова, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари шӯъбаи иттилоот, протокол ва равобити байналмилалии Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд: «Асосан 3 субъекти хоҷагидорӣ, ки ба феҳрист дохил шудаанд, бензин ворид мекунанд. «Газпром нефт-Тоҷикистон»-55,5 дарсад, «Нури Дилшод»-3,4 дарсад ва «Анаҳито»-1 дарсад бензин ба кишварро ворид кардааст. Дар сегменти бозори бензини Тоҷикистон 80 субъекти хоҷагидор ва теъдоде аз шахсони инфиродӣ, ки шумораашон мушаххас нест, ширкат мекунанд».

Фаъолияти ин ширкатҳо шаффоф набуда, бархе аз онҳо ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон “доминант” ё ҳокими бозори маводи сӯхти кишвар мебошанд ва метавонанд, нархгузориро дар ин бозор ба нафъи худ муайян кунанд. Барои намуна, коҳиши нархҳои хариди умдаи фуровардаҳои нафтӣ ба коҳиши амалии нархи бензин дар Тоҷикистон сабаб нагашт, ки гуфта мешавад, яке аз аломатҳои ҳолати монополиии бозор ё амали бомашварати ширкатҳои камшумори ҳоким дар он шумурда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG