Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элвис Пресли ва "Рок-н-ролл"-и ношинохтаи ӯ дар Тоҷикистон


Элвис Преслӣ
Элвис Преслӣ
Ба эътиқоди Абӯбакр Зубайдов, устоди Донишгоҳи санъати Тоҷикистон, солҳои 70 -уми асри гузашта, ки Элвис Пресли дар саросари ҷаҳон шӯру мағал меангехт, дар Тоҷикистон хеле кам шинохта буд: «Ӯро асосан намояндагони миллатҳои дигар, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, русҳо, немисҳо ва дигарон гӯш мекарданд. Гӯё мӯд шуда буд ё медонистанд, ки ин мӯд аст. Аммо моҳиятро касе намефаҳмид. Шояд як кас – ним кас аз миёни тоҷикон ӯро мухлисӣ мекард, аммо кам касе ӯро фаҳмида, гӯш мекард».

Ҷаноби Зубайдов гуфт, аввалин гурӯҳи эстрадӣ дар Тоҷикистон соли 1964 ташкил шуд, аммо фақат пас аз соли 1975 ва ба саҳна омадани Муқаддас Набиева ва Тоҷиддини Муҳиддин ҷавонон ба ин жанр рӯ оварданд. Вай афзуд, дар бораи рок-н-рол ҳарф задан мантиқ надошт, зеро дар жанри эстрада асосан таронаҳои мардумӣ сароида мешуданд.

Он замон ба ҷуз аз Элвис Пресли, дар саросари ҷаҳон Beatles ва Pink Floyd барин гурӯҳҳои дигари рок низ шӯру шар ангехта буданд. Пас аз марги «офаридгори рок-н-ролл» дар соли 1977, дар собиқ Шӯравӣ Муслим Магомаевро бо исми «Элвиз Преслии Шӯравӣ» ёдоварӣ мекарданд, ҳатто Майкл Ҷексон ҳам ба пайравӣ аз ӯ либос мепӯшиду тарона меофарид ва ҳамасола дар Лос – Анҷелес озмуни дугоникҳои Элвис Пресли баргузор мешавад, аммо дар Тоҷикистон ба сабку услуби ӯ тарона эҷод намешуд.

Олим Ширинов, сарвари яке аз машҳуртарин гурӯҳҳои рок дар Тоҷикистон мегӯяд, дар хотир дорад, ки нимаи дуввуми солҳои 80- ум хоҳараш як гурӯҳи рок-н-рол ташкил карда, таронаҳои Элвис Преслиро иҷро мекард. Вай афзуд, аммо ин таронаҳо дар доираҳои маҳдуд иҷро мешуданд ва доираи васеи тамошобинонро фаро намегирифт: «Ин замони дар ҳайати Шӯравӣ будани мо буд. Навозандагон ба ӯ тақлид карда, бакенбард мемонданд, шими кулёш мепӯшиданд. Ҳоло соли 2012 аст ва гурӯҳи мо «Парем» бо забони асл таронаҳои ӯро иҷро мекунад. Аз сӯи тамошобинон хеле хуб пазироӣ мешавад, зеро таронаи ӯ пур аз нерӯ аст».

Султони Ҳамад, муҳаққиқи эҷодиёти Аҳмад Зоҳир бар ин бовар аст, ки рӯҳи таронаҳои Элвис Пресли пас аз ворид шудани таронаҳои ин овозхони афғон ба тани мусиқии Тоҷикистон дамид. Вай афзуд, ду таронаи итолиёвӣ, ки дар эҷодиёти Пресли инглисӣ шуда, Аҳмад Зоҳир онҳоро форсӣ карда буд, 30 сол ба ин сӯ аз сӯи овозхонони тоҷик сароида мешавад. Вай афзуд, «Шабе зи шабҳо» ва «Ёди рӯзгори ширин» ин ду таронаи Аҳмад Зоҳир ҳастанд, ки аз сӯи овозхонони тоҷик то ба имрӯз такрор ба такрор сароида мешаванд:

Султони Ҳамад
Султони Ҳамад
«Ҳар чӣ шуд, тавассути Аҳмад Зоҳир буд. Бо воситаи Аҳмад Зоҳир як робитаи байни овозхонони тоҷик ва Элвис Пресли ҳаст. Як робитаи ноаёне, ки худи овозхонони тоҷик инро эҳсос намекунанд. Онҳо фикр намекунанд, ки ин таронаҳо аз Элвис Пресли ҳастанд. Ҳама фикр мекунанд, ки ин моли Аҳмад Зоҳир аст».

Ба ҷуз «Парем» тайи 30 соли ахир гурӯҳҳои гуногуни рок дар Тоҷикистон зуҳур карданд, аз қабили «Конгломерат», «Девятый такт» ва ҳоло JINN, Трушоба ва Last Rame. Аммо Султони Ҳамад мегӯяд, ҳеҷ яке натавонист рокро дар Тоҷикистон вусъат бахшад, зеро то ба ҳол ин мактаби Элвис Пресли ва дигар бузургони рок дар меъдаи фаҳмишҳои миллии мусиқӣ ҳазм нашуда, танҳо тақлидкориҳостанд, ки ба чашм мерасанд.

Ба эътиқоди аксари коршиносон, ин мусиқӣ то ба ҳол ба зоҳиру ботин миллӣ нашуда, аммо кори оянда аст, ки рӯзе касе ба ин кушоиш даст ёбад ва Элвис Пресли низ дар Тоҷикистон ба таври саросарӣ фаҳмида шавад.
XS
SM
MD
LG