Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди тақрибан як соли музокирот, Маскав ва Бишкек мувофиқат кардаанд, ки пойгоҳҳои русӣ дар ин кишвар танҳо барои 15 сол бимонад, на 49 соле, ки Русия мехост.

Созиши пешакӣ дар ин замина ҳамин ҳафта дар ҷараёни гуфтӯгуҳои як ҳайъати баландпояи Русия дар Бишкек ҳосил шудааст.

Сафар Исоқов, раиси шӯъбаи равобити хориҷии дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон дар ин бора рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт: “Русҳо исрор мекарданд, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистон барои 49 сол баста шавад. Вале ҳоло тавофуқи усулӣ дар бораи ҳузури 15-сола ҳосил шуд. Созишномаи асосӣ дар бораи ҳузури пойгоҳҳои муштараки Русия дар Қирғизистон билофосила ҳукми иҷро намегирад. Ба назари мо, созишнома баъди 5 соли дигар ба иҷро медарояд.“

Замони ҳузури таъсисоти низомии Русия дар Қирғизистон соли 2017 ба поён мерасад. Ба ғайр аз пойгоҳи низомии Кант дар 40 километрии шаҳри Бишкек, Русия ҳамчунин дар Иссиқкӯл як маркази озмоиши торпедо, маркази Пойгоҳи низомии Кант

Пойгоҳи низомии Кант

зилзиласанҷӣ дар Майли Суу ва дар вилояти Чуй маркази мухобиротӣ дорад. Ба гуфтаи Сафар Исоқов, Қирғизистон хостааст, созишномаи муштараке дар бораи ҳузури ҳамаи ин таъсисот имзо шавад ва ислоҳи санадҳои феълӣ бо назардошти созишномаи нав идома дорад. Русия айни замон барои пойгоҳи Кант дар наздикии шаҳри Бишкек солона 4,5 миллион доллар мепардозад ва ба гуфтаи Сафар Исоқов, ҳоло гуфтӯгу дар бораи ҳаққи баъдии иҷораи пойгоҳҳо бо Русия идома дорад.

Масъалаи пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон аввали ҳамин сол муносиботи ду кишварро печида кард. Он замон Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Маскав рафт ва масъалаи напардохтани 15 миллион доллар ҳаққи иҷораи Кантро дар миён гузошта Русияро нороҳат кард. Баъди ҳалли ин масъала Дмитрий Медведев раиси ҷумҳури Русия аз Қирғизистон хост, сари бозгардонидани қарзи тақрибан 493 миллиондолларии Русия фикр кунад.

Сафар Исоқов гуфт, ки масъалаи ин қарз ҳам баррасӣ шуд ва Русия то тирамоҳи имсол аз баҳри 189 миллион доллари он мегузарад. Ба гуфтаи Сафар Исоқов, 300 миллион доллар қарзи боқимонда дар ивази додани 48 дар сади саҳмияҳои маркази озмоиши торпедоҳо дар Иссиқкӯл то соли 2016 адо хоҳад шуд. Созишномаи аслӣ дар ин замина бояд ҳафтаи оянда имзо шавад. Қирғизистону Русия дар ҳоле ба созиш расидаанд, ки Амрико барои тарки пойгоҳи ҳавоии Манас дар ҳошияи шаҳри Бишкек омодагӣ мегирад.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон хоста буд, ки амрикоиҳо ин пойгоҳро, ки барои мусоидат ба амалиётҳо дар Афғонистон истифода мекунанд, баъъди хатми мӯҳлати иҷора дар соли 2014 тарк кунанд. Таври маълум айни замон музокироти Русия бо Тоҷикистон дар бораи идомаи ҳузури пойгоҳи 201-ум Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

идома дорад ва Русия мехоҳад, ин пойгоҳаш ба таври ройгон ва 49 соли дигар дар Тоҷикистон бимонад. Аммо ин музокирот, тақрибан як сол аст, ба ҷое нарасида ва равобити ду кишварро низ тира кардааст.

Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, бовар надорад, ки гузашти Русия ба Қирғизистон битавонад, дар музокирот ба Тоҷикистон дасти боло бидиҳад, зеро шартҳои ду тараф комилан мухолиф аст: “Чунки аз аввал нуқтаҳои асосӣ фарқ мекунанд. Дар нисбати муоҳидаи Қирғизистону Русия аз аввал русҳо розӣ буданд, ки иҷорапулӣ барои пойгоҳҳо мепардозанд. Дар нисбати Тоҷикистон ин шартҳо вуҷуд надоранд.”

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, музокирот бар сари тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон, ки бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар мисли музокирот бо Қирғизистон осон нахоҳад буд ва зоҳиран Тоҷикистон ҳам бе гирифтани имтиёзҳои иқтисодӣ аз Русия, ба талабҳои ин кишвар тан нахоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG