Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар суқути чархболи НАТО 11 тан ҷон доданд


Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба афғонистон ба раҳбарии НАТО рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки дар натиҷаи суқути як чархбол дар ҷануби Афғонистон 11 нафар, аз ҷумла 7 сарбози Амрико кушта шудаанд. Генерал Гуентер Катз аз фармондеҳони ин нерӯҳо дар ин бора ба Радиои Афғонистони Озод гуфт:"
Имрӯз як чархболи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон дар вилояти Қандаҳор суқут кард. Дар натиҷа ҳафт сарбози амрикоӣ, се сарбози нерӯҳои амниятии Афғонистон як тарҷумони ғайринизомии афғон ҳалок шуданд. Сабабҳои суқут ҳанӯз таҳқиқ мешавад." Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, як сухангӯи Толибон бо ирсоли баёнияе ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҷангҷӯёни Толиб чархболро сарнагун кардаанд, аммо таъйиди дурустии ин иддаъо аз манобеъи мустақил номумкин аст.
XS
SM
MD
LG