Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бемории домана дар Хоруғ 26 танро бистарӣ кард


Шаҳри Хоруғ.

Шаҳри Хоруғ.

Бисту шаш тан аз сокинони шаҳри Хоруғ бо бемории домана гирифтор шуда ва дар бемористон ба сар мебаранд.

Инҳо асосан, сокинон маҳаллаҳои "Шарифобод" ва "Абдураҳмонов"-и ин шаҳр мебошанд. Иллати аслии хуруҷи ин беморӣ ҳанӯз муайян нашудааст, вале гумон меравад, ки ба ҷои будубоши сарбозон наздик будани ин маҳаллаҳо, сабаби паҳншавии бемории сироятӣ дар байни сокинон шудааст.

Раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим дар ҷаласаи ҳукумат изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди таъминот бо доруворӣ ва табобат, барангезандаи беморӣ ҳанӯз муайян нашудааст. Ба мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии беморӣ, 7 гурӯҳи махсуси пизишкон таъсис ёфта, 874 хонаводаи шаҳр аз ташхис гузаронида шудааст.

Бинобар мушоҳидаи сокинон, исҳоли шикам, дарунравӣ ва дигар бемориҳо дар байни сарбозоне, ки дар шароити саҳроӣ ба сар мебаранд, зиёданд ва хизматчиёнро манбаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ мешуморанд.

Аммо аз сӯйи дигар ҳолати нохуби санитарӣ-эпидемологӣ манбаъи барангезандаи бемориҳои сироятӣ дар шаҳр арзёбӣ мешавад. Хурӯҷи якбораи бемории домана дар Хоруғ пас аз амалиёти нерӯҳо ҳукуматӣ ба қайд гирифта шуд.

ПАРДОХТИ ҶУБРОНИ ЗАРАРИ АМВОЛ БА МУШКИЛ РӮБАРӮ ШУДААСТ

Мӯҳлати пардохти товони зарари дар ҷараёни амалиёт ба манзилҳои сокинон Хоруғ расида ба охир мерасад. Ба гуфтаи раиси комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи мақомоти вилоятӣ Азиз Гиёев, ҳаҷми зарари дар ҷараёни амалиёт ба 543 манзилҳои сокинон расида, дар маҷмӯъ 1 миллону 274 ҳазор сомониро ташкил дод ва 80 дарсади ин маблағ аллакай ба зарардидагон пардохт шудааст. Оқои Гиёев мегӯяд, ки танҳо се нафар зарардидагон аз гирифтани ҷубронпулӣ ба далели кам будани он даст кашида, комиссия аз сар ҳаҷми зарарро муайян ва ба зарардидагон пардохт мекунад.

Сокини Хоруғ Гул Шоабибуллоев, ки девори манзилаш аз тири снаряд сӯрох ва амволаш талаф ёфтааст, бо дарёфти 20 ҳазор сомонӣ аз тариқи оинаи нилгун ба ҳукумат барои дар оҷилан пардохт шудани ҳаҷми зарар изҳори сипос кард.

Ба 18 нафар сокинони хобгоҳи донишгоҳи Хоруғ, ки манзилашон пурра сӯхта нобуд шудаст, ваъда дода шуд, ки то охири сол барояшон ҳуҷраҳои сохти "финӣ" васл ва маблағи амволи ба коми оташ рафтаашон пурра пардохт мешавад.

Соҳибони васоити нақлиётии харобшуда дар ҷараёни амалиёт мегӯянд, ки пардохти ҷуброн барояшон ба мушкил рӯбарӯ шудааст, зеро ба гуфтаи мақомот, бимаи васоити наклиётиро агентии суғурта пардохт мекунад. Аммо соҳибони бештари соҳибони нақлиёт онро дар қайди суғурта нагузоштаанд.

Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёт қариб 50 кас ҷароҳат бардоштааст. Аъзои комиссия мегӯянд, ки ҷароҳатбардоштагон метавонанд бо истифода аз доруву дармони бепул дар бемористон, худро муолиҷа намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG