Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бомбгузориҳои Ироқ даҳҳо нафар ҷон доданд


Бино ба гузоришҳо, дар силсилаи ҳамлаву бомбгузориҳо дар Бағдод пойтахт ва дигар гӯшаҳои Ироқ имрӯз дасти кам 15 нафар кушта ва 70 нафари дигар захмӣ шудаанд. Танҳо дар шаҳри Киркук дар 4 мошини бомбгузоришуда дар муддати 45 дақиқа мунфаҷир шудаанд. Бомбгузориҳои дигар дар шаҳрҳои Дибис ва Туз Хурмату воқеъ дар наздикии Бағдод сурат гирифтааст. Ҳанӯз теъдоди дақиқи қурбониён маълум нест, аммо дар сар аз моҳи август то кунун дар Ироқ бештар аз 100 нафар кушта шудаанд. Ин ҳамлаҳоро амали дасти ҳалқаи Ал-Қоида дар Ироқ медонанд.
XS
SM
MD
LG