Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 18 нафар гирифтори сиёҳзахм шудаанд


Бино ба гузоришҳо, танҳо дар 10 рӯзи моҳи август 18 мавриди гирифторӣ ба бемории антракс ва ё сиёҳзахм дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки 8 маврид бештар аз моҳи августи соли гузашта аст. Дар як иттилоъияи дафтари Созмони Милал омадааст, зоҳиран ин беморӣ ба инсонҳо зимни забҳи ҳайвоноти бемор сироят кардааст. Аммо дар ин муддат мавриди сирояти бемории табларзаи хунин дар Тоҷикистон ним баробар кам шудааст ва танҳо 6 нафар ба ин бемории хатарнок гирифтор шудаанд. Дар ин иттилоъия омадааст, интизор меравад, бемориҳои рӯдаву меда дар моҳи август ба далели истеъмоли тарбузу харбузаҳои маҳаллӣ бештар шавад.
XS
SM
MD
LG