Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти дипломати амрикоӣ бо Ислом Каримов


Роберт Блейк, дастёри вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи панҷшанбе бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон дар шаҳри Тошканд мулоқот кард. Дар ин мулоқот ҳамкориҳои ду кишвар баъди такмили ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шудааст. Бо назардошти чаҳор рӯз мондани Роберт Блейк дар Тошканд ва тағйири барномаи сафари ӯ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, матбуоти Қазоқистон гуфтааст, ки Роберт Блейк аз Ӯзбакистон мехоҳад, таъсисоти низомиашро барои истифода дар ихтиёри артиши Иёлоти Муттаҳида бигузорад. Вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон гуфтааст, Роберт Блейк барои ҳузур дар даври саввуми муколамаи сиёсӣ миёни ду кишвар ба Тошканд омадааст. Дипломати баландпояи амрикоӣ қабл аз сафар ба Тошканд, аввал ба шаҳри Остонаи Қазоқистон рафт ва боздидаш аз Қирғизистонро то моҳи октябр ба таъхир андохт.
XS
SM
MD
LG