Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далер Шарифӣ – қаҳрамони кикбоксинги ҷаҳон дар ИМА


Далер Шарифӣ, варзишгари тоҷик
Далер Шарифӣ, варзишгари тоҷик

Далер Шарифӣ, варзишгари тоҷик, қаҳрамони кикбоксинги ҷаҳон дар бахши расиши классикӣ ва комил аз рӯи ривояти IKF (Федератсияи байналмилалии кикбоксинг) дар вазни то 84 кг гардид.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Ибод Шарифӣ, ноиби раиси Академияи олимпии Торҷикистон ва падари Далер хабар дод.

Ӯ афзуд, “ин мусобиқа дар шаҳри Орландои иёлати Флоридаи ИМА баргузор шуд. Далер, ки дар даври интихобӣ ғолиб шуд, дар қувваозмоии ниҳоӣ барои унвони қаҳрамони ҷаҳон бо рақибаш аз Туркия Эмре Ориҷн рӯбарӯ шуд. Се раунд бо натиҷаи мусовӣ поён ёфт. Ғолиб дар раунди изофӣ муайян гашт. Ҳарсе довар Далерро бо ҳисоби якхелаи 10-3, 10-3, 10-3 пирӯз донистанд. Дар ҳамаи рақобатҳо ба Далер ҳамчун секундант Миралӣ Яҳёев, писари раиси Федератсияи таэквандои Тоҷикистон Мирсаид Яҳёев кӯмак мекард. Далер барои бори дувум дар ин навъи варзиш ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Ӯ аввалин бор соли 2008-ум қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.”

Ба гуфтаи Ибод Шарифӣ писараш Далери 23-сола, ки аз соли 2008-ум дар шаҳри Маямии ИМА ба сар мебарад, имсол Донишгоҳи ҳуқуқро хатм кард ва ба аспирантура дохил шуд: “Ӯ ҳамчун ҳуқуқшинос дар яке аз идораҳои Маямӣ кор мекунад. Шаҳрдори Фортленд, ки ин шаҳр аз Маямӣ тахминан дар масофаи 30 километр дуртар ҷойгир шудааст, барои Далер як бинои дуошёнаро таъмир карда, ба ихтиёраш дод. Ҳоло ӯ дар ин ҷо мактаби таэквондоро таъсис додааст ва ба он раҳбарӣ мекунад. Далер мақсад дорад, ки соли оянда дар сабқати ҷаҳонӣ унвонашро нигаҳ дорад.”
XS
SM
MD
LG