Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии таъсиси сохтори кӯмаккунандаи СММ дар бӯҳрони Сурия


Рӯзи панҷшанбе Шӯрои амният мавзӯи таъсиси як сохтори кӯмаккунанда ба СММ ва Лигаи кишварҳои Арабро баррасӣ мекунад, ки тавони мусоидат ба хатми низоъҳои хунини Сурияро баъди анҷоми мӯҳлати ҳузури ҳайати нозирони СММ дошта бошад. Мӯҳлати хатми ҳузури ин ҳайати низомӣ рӯзи якшанбе хотима меёбад. Шӯро барои тамдиди ҳузури ҳайати нозирон ҳадди аққал ду шарт пеш гузоштааст, ки он ҳам хатми истифодаи силоҳи сангин аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматии Сурия ва коҳиши хушунатҳо мебошад. Дар номае ба унвонии шӯрои амният, дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, ки ҳеҷ як шарт пазируфта нашуд ва эҳтимолан Сурия дучори ҷанги сартосарии шаҳрвандӣ шавад.
XS
SM
MD
LG