Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 4 кас бо иттиҳоми нақзи таҳрим


Пулиси Олмон чаҳор нафарро бо иттиҳоми нақзи таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эрон боздошт кардаанд. Ин чаҳор нафар, ба фурӯши абзори лозим барои реакторҳои ҳастаии оби сангин дар Эрон муттаҳам мешаванд, ки бинобар барномаҳои баҳсбарангези атомиаш алайҳи он таҳрим эъмол кардаанд. Се узви ин гурӯҳ шаҳрвандии Олмону Эрон дошта, нафари чорум олмонӣ будааст. Амалиёти боздошт дар шаҳрҳои Ҳамбург, Олденбург ва Веймар сурат гирифта ва дар он 90 афсари пулис ширкат кардаанд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ бомби атомӣ месозад, аммо Теҳрон ин иддаъоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG