Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи мухолифони Қазоқистон оғоз шуд


Рӯзи панҷшанбе мурофиаи додгоҳии Владимир Козлов, Серик Сапаргалӣ, раҳбарони мухолифини Қазоқистон ва Оқҷанат Аминов, як фаъоли ҳуқуқи башар дар шаҳри Оқтау оғоз шуд. Владимир Козлов, раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи “Олға” ё “Ба пеш” бо ду ҳамроҳи дигараш ба ташкили гурӯҳи ғайриқонунӣ, барангехтани адоват ва даъват ба барандохтани ҳукумати қонунӣ муттаҳам мешаванд. Ин иттиҳомот ба нооромиҳои моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Жанаозен иртибот дорад, ки дар ҷараёни он 17 нафар кушта шуданд. Аммо ин се нафар мегӯянд, ки иттиҳомот алайҳи онҳо ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG