Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар набарди Комра дастикам 8 тан кушта шудаанд


Матбуоти маҳаллӣ мегӯяд, дар ҳамлаи субҳи панҷшанбе ба пойгоҳи нирӯҳои ҳавоии Покистон 2 сарбоз ва 6 ҳамлагар, ки гумон меравад, ҷангиёни исломӣ бошанд, кушта шудаанд. Ҷангиён шабона вориди пойгоҳи Минҳос дар шаҳри Комраи вилояти Панҷоб шуда, чанд соат ҷангидаанд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе ба дӯш нагирифтааст, вале ғолибан ангушти иттиҳом ба сӯи Таҳрики Толибони Покистон баланд хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG