Пайвандҳои дастрасӣ

Осетияи ҷанубӣ рустоҳои гурҷиро аз байн хоҳад бурд


Леонид Тибилов

Леонид Тибилов

Раҳбари минтақаи аз Гурҷистон ҷудошудаи Осетияи ҷанубӣ Леонид Тибилов гуфтааст, ки рустоҳои гурҷиро дар ин вилоят аз байн хоҳанд бурд. Мардуми гурҷӣ тарки ин минтақа кардаанд ва хонаҳои онҳоро ҳам дар ҷараёни ҷанги Русияву Гурҷистон дар августи соли 2008 тахриб карданд. Тибилов гуфта, ки исми гурҷии ин рустоҳоро низ аз байн мебаранд, чунки “ин манотиқ дигар вуҷуд нахоҳанд дошт.” Муовини вазири хориҷаи Гурҷистон Сергей Капанадзе мақомоти Русияро ба маҳзи, ба таъбири ӯ, “идомаи поккории қавмӣ” сахт интиқод кард. Маскав Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, боз як вилояти дигари ҷудошудаи Гурҷистонро баъди ҷанги соли 2008 ба расмият шинохт. Вале Тифлис ва соъири дунё ин ду минтақаро ҳамчунон як бахши Гурҷистон эътироф мекунанд.
XS
SM
MD
LG