Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон 55 моҳигири ҳиндиро аз зиндон раҳо кард


Покистон ҳамчун нишони ҳусни ният дар солгарди истиқлолаш ҳудуди 55 моҳигири ҳиндиро аз зиндон раҳо кард. Онҳоро бо автобус ба Лоҳур бурда, дар марзи Ҳинд ҷавоб доданд. Ин иқдом дар ҳолест, ки равобити ин ду рақиби ҳастаӣ як каме беҳтар шудааст. Деҳливу Исломобод соли гузашта раванди мушкили сулҳро, ки дар пайи ҳамлаҳои хунини 4 сол пеши Мумбай мунҷамид шуда буд, аз сар гирифтанд. Ҳинду Покистон тайи 65 соли истиқлолашон аз Бритониё 3 дафъа бо ҳамдигар вориди ҷанг шудаанд, аз ҷумла 2 бор бар сари Кашмир.
XS
SM
MD
LG