Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин раҳоии фаъолонашро аз Ҷопон тақозо кард


Чин аз Ҷопон хост, то 17 фаъоли чиниро, ки дар ҷазираҳои баҳсӣ пойин шуданд, билофосила ва беқайдушарт раҳо кунад. Нирӯҳои Ҷопон дирӯз ин фаъолонро дар ҷазираҳое дастгир карданд, ки Ҷопрон Сенкаку ва Чин Диаю номашон мебаранд.
Дар арафаи солгарди 67-уми таслим шудани Ҷопон дар Ҷанги дувуми ҷаҳон танишҳо бар сари сарзаминҳои баҳсӣ дар ин минтақа дубора даргирифтааст. Чунин таниш байни Ҷопону Кореяи ҷанубӣ низ дар пайи сафари раисиҷумҳури Корея ба чунин ҷазираҳои баҳсӣ рух зад ва бо пойин шудани як гурӯҳи фаъолони кореягӣ дар он ҷазоир алангаи бештар гирифт.
XS
SM
MD
LG