Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Азаз дастикам 20 тан кушта шуданд


Мухолифини Сурия мегӯянд, ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои давлатӣ ба шаҳри Азаз – як пойгоҳи чирикиҳо дар шимоли кишвар – дастикам 20 кушта ба ҷо гузошт. Азаз дар наздикии Ҳалаб воқеъ буда, дар дасти чирикиҳост. Дирӯз дар Димишқ низ як таркиши сангин рух дода, чирикиҳо ба посгоҳҳои давлатӣ дар ноҳияи Мазза дар ғарби пойтахт ҳамла бурдаанд. Ин минтақа макони идороти давлатӣ ва ҳам сафорати Эрон аст.
XS
SM
MD
LG