Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми 84-уми Тоҷикистон дар сабқати солимӣ


Тоҷикистон аз нигоҳи вазъи сиҳҳати сокинонаш дар раддабандии Ожонсии Bloomberg дар байни 145 кишвар дар мақоми 84-ум, як зина болотар аз Узбакистон ҷой гирифтааст. Ин арзёбӣ бар асоси меъёрҳое, чун синни миёна, мизони маргумири модару кӯдак, истеъмоли сигору машрубот ва фоизи афроди гирифтор ба фарбеҳиву беҳаракатӣ ва қанду холестерин, вазъи муҳити зист ва амсоли ин таҳия шудааст. Сингапур имсол солимтарин кишвари дунё шинохта шуда, ба дунболаш Итолиёву Австралия ва Швейтсарияву Ҷопон меоянд. Ин гузориш кишварҳои африқоии Мозамбик, Чад, Конго, Лесото ва Свазилендро баръакс носолимтарин маконҳои зист дар ҷаҳон ном мебарад.
XS
SM
MD
LG