Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як мақоми маорифи Суғд бо ришва


Як корманди идораи маорифи вилояти Суғд бо иттиҳоми ришвахоҳӣ боздошт шудааст. Мақомоти Ожонси зидди фасод мегӯянд, ин мақом ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 2 000 доллар барои мусоидат ба дохил кардани як довталаб ба яке аз донишгоҳҳои Русия ба даст афтодааст. Бино ба оморҳо, танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар шимоли Тоҷикистон аз 23 мавриди ришвахоҳии мақомоти давлатӣ ҷилавгирӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG