Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи гарми мухлисон аз Мавзуна дар фурудгоҳ


Имшаб аъзои тими олимпии Тоҷикистонро, ки аз Бозиҳои олимпии Лондон баргашт, дар фурудгоҳи Душанбе ҳудуди 1000 нафар, бо шумули намояндагони мақомот ва ҳаводорони варзиш, истиқбол гирифтанд. Аксари ҳаводорон ба хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки пеш аз ҳама ба хотири истиқбол аз Мавзуна Чориева омадаанд. Ин муштзани 19-сола танҳо варзишгари тоҷик аз байни 16 узви ҳайъати олимпии Тоҷикистон аст, ки аз Лондон бо медал баргашт. Ӯ дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кило сазовори нишони биринҷӣ шуд.
Давлати Тоҷикистон ба Мавзуна Чориева 200 000 сомонӣ, “Ориёнбонк” – мошини “Лексус” ва ҳизби наҳзати исломӣ манзил дар Душанбе ваъда кардаанд. Аммо мухлисон Мавзуна Чориева ва ҳамин тавр, боқӣ аъзои тими олимпиро дар фурудгоҳ рӯ-рӯи даст берун оварданд ва хеле гарм истиқбол карданд.
XS
SM
MD
LG