Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хӯрок ва масолеҳи сохтмонӣ - риштаҳои "серпул"-и бозори Тоҷикистон


Тиҷорати маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ риштаҳои сердаромади соҳибкорӣ дар Тоҷикистон будаанд.

Инро хулосаи пажӯҳишҳо ва таҳлили соҳибназарон собит карда ва коршиносон низ мегӯянд, онҳое, ки дар ин навъи тиҷорат фаъол ҳастанд, метавонанд дар муддати кӯтоҳ пули худро гардиш диҳанд ва ҳам сармояи хубе ба даст оранд.

Шодмон Саъдиев, муовини сардори Раёсати таҳқиқоти мушкилоти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази мутолеоти стратегии вобаста ба президенти Тоҷикистон мегӯяд, аксарияти корхонаҳои хурде, ки аз ҷониби соҳибкорон таъсис мешавад, ғолибан дар бахши савдои хӯрокворӣ ва маводи ғизоӣ фаъолият доранд: «Дар охири соли 2010 дар кишвар 2865 корхонаҳои хурд аз сӯи нафарони мақоми шахси ҳуқуқи дошта таъсис ёфтааст, ки аз ин теъдод корхонаҳои саноатӣ 404 адад, дар соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал 44 адад, дар соҳаи сохтмон 360 адад ва дар бахши нақлиёту алоқа 93 адад ва дар соҳаи савдову маводи ғизоӣ 841-ададро ташкил мекунад.»

Масолеҳи сохтмонӣ аз риштаҳои сердаромади соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад.
Масолеҳи сохтмонӣ аз риштаҳои сердаромади соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷаноби Саъдиев меафзояд, бо назардошти он, ки оғози тиҷорати маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмон хароҷот ва ҳам эҳтимолияти ками муфлисшавиро дорад, мутаносибан соҳибкорон асосан ҳамин навъи тиҷоратро интихоб мекунанд. Аз сӯи дигар ба таъкиди мусоҳиби мо, барои онҳое, ки дар ин соҳаи савдо кор мекунанд, сабти фаъолият соддатар аст ва ҳам мизони андозҳо чандон зиёд нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соҳибкорони риштаи истеҳсолӣ, барои шурӯъи фаъолият зинаҳои зиёдро бояд тай кунанд ва даромади кори худро бояд солҳои тӯлонӣ бояд мунтазир шаванд. Дар баробари ин бонкҳои кишвар бо баҳраҳои пойинтар қарзҳои дарозмуддатро намедиҳанд. Бинобар ин, соҳибкорон манфиатдор нестанд, ки дар соҳаи тавлидот фаъолият баранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Баҳром Шарифов, раҳбари маркази омӯзишии Асосиассияи бонкҳои Тоҷикистон, соҳибкории истеҳсолӣ ё тавлидӣ низ метавонад, яке аз бахшҳои сердаромад дар тиҷорат бошад ва боиси пешрафти соҳибкор гардад: «Бахусус истеҳсоли маҳсулоте, ки дар бозори дохилӣ ба он талабот ҳаст, вале ин талаботро молҳои аз хориҷ воридшаванда пурра карда истодааст. Агар ҳамин равнадро соҳибкорон тавонанд ба роҳ монанд, ин ба соҳибкор ва инчунин ба таъмини маблағгузории буҷа манфиати зиёд дорад. Чун аллакай талабот ба ин маҳсулот вуҷуд дорад».

Ба таъкиди Баҳром Шарифов, соҳибкори тоҷик, дар баробари даромаднокии ин ё он намуди бизнес, бояд ҳамчунин хатареро, ки ба ин соҳа таҳдид мекунад, ба назар гирифт. Зеро ба гуфтаи вай, аксари фаъолиятҳо дар Тоҷикистон бо назардошти он, ки бозори кишвар ҳоло ҳам маҳдуд аст ва ширкатҳо ва корхонаҳои алоҳида метавонанд, мавқеи монополиро ишғол кунанд.

Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик
Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик
Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик низ бар ин аст, ки эҳтимол дорад дар як марҳилаи муайян як соҳа нуфуз дошта бошад, вале қавонини иқтисоди бозаргонӣ инро иҷозат намедиҳад ва тадриҷан ин равандро ба танзим медарорад.

Ҷаноби Ҷумаев ҳамчунин гуфт: «Барои чӣ буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ дар кишвар якбора ба амал омад? Зеро ҳамаи ниҳодҳои молиявии ҷаҳон рӯ ба ипотека оварданд, чунки бисёр фоидаи калон медод. Як соҳаро интихоб карданд ва ҷое буд, ки ба таври сунъи маблағгузорӣ намуданд ва ин ба бӯҳрони иқтисодӣ боис гардид. Барои ҳамин он соҳае, ки дар иқтисодиёт доминант мебошад, билохира касод мешавад».

Зимнан, худи ҷамъияти Тоҷикистон низ бештар ба маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ниёз дорад ва ин аст, ки чунин намуди тиҷорат ба навъи сердаромадтарини бизнес табдил шудааст. Танҳо дар шаҳри Душанбе даҳҳо бозору марказҳои фурӯши хурокворӣ ва ҳамин тавр фурӯши масолеҳи сохтмонӣ фаъол аст, ки аз ниёзи сокинон ба чунин навъи тиҷорат далолат медиҳад.
XS
SM
MD
LG