Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамла дар бозори Ҳирот 9 касро захмӣ намуд


 Маркази Ҳирот баъд аз бомбгузории 15-уми августи соли 2012

Маркази Ҳирот баъд аз бомбгузории 15-уми августи соли 2012

Бар асари таркиши маводи мунфаҷир дар яке аз бозорҳои шаҳри ғарбии Афғонистон камаш 14 нафар захмӣ шуданд. Маводи таркандаро дар як велосипед бор карда, дар маркази шаҳри Ҳирот мунфаҷир карданд. Мақомот мегӯянд, аз миёни захмиён аҳволи ду нафар вахим аст. То ҳол касе масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст. Рӯзи чоршанбе ҳамчунон дар як масҷиди вилояти шарқии Хусти Афғонистон низ ҳамла ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он 9 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба қавли мақомот афроди номаълум ба масҷиди Боғи Сорои Хуст се норинҷак партоб намуда буданд. Як рӯз пеш аз он дар саросари Афғонистон тахминан 50 кас кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG