Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Инсон на ҳамеша дар ватани хеш хушбахт аст"


Марина, сокини шаҳри Кӯлоб

Марина, сокини шаҳри Кӯлоб

Зани русе, ки соле пеш муқими Кӯлоб шуда буд, дини исломро пазируфта, моҳи Рамазонро рӯзадор ба сар бурдааст.

Ин зан, ки Марина ном дорад, соле пеш барои дидорбинии фарзандаш, ки аз никоҳ бо як марди муҳоҷир ба дунё омада буд ва солҳо дар Тоҷикистон ба сар мебурд, омада дигар ба зодгоҳаш барнагашт.

Марина мегӯяд, аз замони исломро пазируфтан ва дар моҳи Рамазон рӯза гирифтан худро сабук ҳис мекунад. Ҳоло ӯ барои Иди Фитр омодагӣ мегирад ва мегӯяд, аз ҳама ҷолиб барояш тамошои хонагаштак ё идгардаки кӯдакон дар ин рӯз ҳаст. Ӯ барои ду духтараш халтаҳо барои идгардак харидорӣ кардааст ва орзу дорад, ки хурсандии онҳо бо кӯдакони ҳамсояро назора кунад.

Марина мегӯяд, аз ҳамсояҳояш хеле миннатдор аст, ки дар ҳама ҳолат ба ӯ кӯмак мекунанд: «Онҳо ниҳоят инсонҳои хубанд. Онҳо ба ман кӯмак мекунанд ва ман ба онҳо. Барои ҳамин намехоҳам дигар ба Русия равам, онҷо занҳо менушанд ва сигор мекашанд, ки нохуб аст. Инҷо ман тарки ҳама одати бад кардам ва ба кӯдаконам ғамхорӣ мекунам».

Дар ҳамин ҳол, Гулчеҳра, зане, ки дар ҳамсоягии Марина ба сар мебарад, мегӯяд, талоши ӯ барои омӯхтани сураҳои Қуръон зиёд, аммо то ҳол намозхониро пурра ёд нагирифтааст. Ба гуфтаи ин хонум, пас аз қабули ислом рафтори Марина комилан дигар шудааст: «Дар аввал омадан рафтораш дигар буд. Сигор мекашид ва дар кӯча маст ба назар мерасид. Дар моҳи аввал арақхӯриашро партофт ва баъд се моҳ пас сигоркаширо ҳам тарк кард. Ҳоло ӯ қариб, ки мисли занҳо тоҷик шудааст».

Марина ҳоло бо ду кӯдакаш дар канори шаҳри Кӯлоб дар як хонаи иҷора ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, талош дорад, то шаҳрванди Тоҷикистон шавад ва дигар ба Русия наравад. Ба гуфтаи Марина, ӯ дар Русия давоми зиндагии 35 солааш ҳамеша бадбахт буд ва акнун дар Тоҷикистон хушбахтиро эҳсос кардааст. Дар хурдӣ аз даст додани волидайн ва дар муҳити атроф ҷалб шуданаш ба майпарастиро, ки то омадан ба Тоҷикистон домангираш буд, аз бадбахтиҳои худ медонад.

Надя, сокини шаҳри Кӯлоб

Надя, сокини шаҳри Кӯлоб

Аммо Марина, ягона зане нест, ки Тоҷикистонро барои ҳамешагӣ ватани худ интихоб карда бошад. Надя, сокини ноҳияи Мӯъминобод аст, ки бо як сарбози тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон омад. Ӯ мегӯяд, дар муҳити Русия ба ҷуз ду-се наздик дигар барои ҳама бегонаӣ ва одамдӯстодории тоҷикон барои ӯ писанда омад, ин ҷо барои ҳамеша муқимӣ шуд.

Хонум Надя, ки ҳамакнун як ҳунарманди мардумӣ шудааст, мегӯяд: «Ин ҷо аз хушдомана гулдӯзиро омӯхтам. Ҳоло духтарон бароям матоъ меоранд ва ман барояшон гулдузӣ мекунам. Тоҷикистонро сахт дӯст доштам ва ман ҳоло дигар як тоҷикам. Фарзандонам кор мекунанд. Худам ҳам аз ҳисоби гулдӯзиҳоям зиндагиам хуб аст».

Ҳоло Марина аз ҳисоби нафақаи маъюбӣ, ки аз ҳисоби давлати Русия пардохт мешавад, дар Кӯлоб зиндагӣ дорад.Талош дорад, то барои худ шуғле пайдо кунад ва ҳамеша шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ бимонад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG