Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи домана дар Хоруғ


Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Бадахшон аз пайдо шудани бемории домана дар миёни сокинони шаҳри Хоруғ хабар додаанд. Агентии давлатии «Ховар» аз қавли сардухтури стансияи санитарию эпидемиологии Бадахшон А. Музаффаров овардааст, ки ду рӯз қабл дар маҳаллаи "Шарифобод"-и шаҳри Хоруғ 17 гумонбари бемории домана қайд шуда, дар бадани 4 нафари онҳо мавҷудияти ин беморӣ ошкор шудааст. Бино ба иттилои ин манбаъ, ҳанӯз соли 1995 дар Бадахшон манбаи ин беморӣ ошкор шуда буд. Ба гуфти сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Саидбек Давлатбеков, бо фармони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки ба ҳайати он варзидатарин коршиносони соҳа шомил шудаанд.
XS
SM
MD
LG