Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози ҳаводорони Pussy Riot-ро пароканда карданд


Эътироз дар назди калисои Исои Наҷотбахши Маскав

Эътироз дар назди калисои Исои Наҷотбахши Маскав

Рӯзи чоршанбе тахминан 20 ҳаводори гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot дар рӯ ба рӯи калисои ҷомеи Исои Наҷотбахши Маскав ҷамъомад ташкил намуданд. Нозирони амниятии калисо кӯшиш карданд, ки ҷамъомадро пароканда намоянд, вале дар натиҷа бархӯрд ба амал омад. Як хабарнигоре, ки дар ин ҳодиса ҳузур дошт ба нозирон эътироз баён кард:
“Оё шумо медонед, ки чӣ кор мекунед? Шумо қонуни федералии воситаҳои ахбори умумро зери пой мекунед!”
Баъди чанде полис ба ҷои ҳодиса омада, чор ҳаводори фаъоли гурӯҳи Pussy Riot-ро боздошт кард. Моҳи феврал се узви гурӯҳи Pussy Riot Надежда Толоконникова, Мария Алёхина ва Екатерина Самусевич дар калисои Исои Наҷотбахш ба истилоҳ перформанс ( ҳунарнамоӣ) бар зидди ҳукми президент Владимир Путин раҳандозӣ карданд. Додгоҳ ҳукми онҳоро рӯзи 17-уми август содир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG