Пайвандҳои дастрасӣ

Риберӣ ва Бензема дар додгоҳ ҷавоб медиҳанд


Карим Бензема (аз чап) ва Франк Риберӣ (аз рост)

Карим Бензема (аз чап) ва Франк Риберӣ (аз рост)

Ситораҳои футболи Фаронса Франк Риберӣ ва Карим Бензема бо иттиҳоми равобити ҷинсӣ бо нафари поён аз синни балоғат ба додгоҳ кашида мешаванд. Ситораи дастаи Баварияи Мюнхен Риберӣ ва Реали Мадрид Бензема бо он муттаҳам мешаванд, ки солҳои 2008-2009-ум бар ивази пул бо Заҳия Деҳар ном хонуми он замон 16-сола равобити ҷинсӣ доштаанд. Вакилони мудофиаи футболбозон исрор меварзанд, ки Рибериву Бензема дар бораи синну соли Заҳия хабар надоштанд ва айбномаи онҳо бояд лағв шавад.
XS
SM
MD
LG