Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА сарнавишти мухолифи қазоқро пайгирӣ мекунад


Владимир Козлов

Владимир Козлов

Ёвари котиби давлатии ИМА Роберт Блейк рӯзи чоршанбе дар Алмаато гуфт, ки ИМА сарнавишти раҳбари боздоштшудаи мухолифини қазоқро пайгирӣ хоҳад кард. Блейк изҳори умед намуд, ки муҳокимаи Владимир Козлов дар таърихи 16-уми август ба таври одилона сурат гирифта, ислоҳоти демократии ин кишварро ба ақиб нахоҳад кашид.
Раҳбари ҳизби бидуни сабти номи Олға-Козлов, моҳи январ бо иттиҳоми ташвиқи нооромиҳои шаҳри Жанаозен боздошт шудааст. Моҳи декабри соли гузашта дар Жанаозен эътирози коргарони соҳаи нафт ба бархӯрд бо мақомот табдил ёфту полис 16 коргарро ба қатл расонд. Козлов ва пайравони ӯ мегӯянд, ки ин иттиҳом ҷилои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG