Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳшатафкани қазоқ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд


Муҳокимаи афроди муттаҳам бо даҳшатафканӣ дар Қазоқистон
Муҳокимаи афроди муттаҳам бо даҳшатафканӣ дар Қазоқистон
Рӯзи чоршанбе додгоҳи шаҳри шимолу ғарбии Оқтобаи Қазоқистон фарди муттаҳам бо узвият дар гурӯҳи террористиро ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард. Ин шахс бо узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нигаҳдошти силоҳу маводи тарканда муҷрим дониста шуд. Тибқи маълумоти мансабдорони додгоҳ маҳкумшуда узви гурӯҳи ифротии исломӣ мебошад, ки соли гузашта дар куштори як афсари полис даст доштааст.
Муҳокимаи ахир баъди як идда ҳамлаҳо бо ширкати гурӯҳҳои динии эктремистӣ дар манотиқи ғарбии Қазоқистон доир мешавад. Моҳи майи соли 2011-ум як сокини шаҳри Оқтоба худро дар даромадгоҳи идораи маҳаллии амнияти миллӣ тарконида, се нафарро маҷрӯҳ карда буд. Ин ҳодисаро аввалин бомбгузории маргталабона дар Қазоқистон арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG