Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вулусволи Шуғнони Бадахшони Афғонистон ва се нафари дигар дар роҳ ба маркази вилоят - шаҳри Файзобод кушта шудааст.

Як манбаъ дар мақомоти амниятии Афғонистон дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, бо Сайфулло Содиқӣ ду сарбозу як мулкӣ кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд. "Танҳо як нафар Қадирхон комиссари марзбонии Шуғнон ҷон ба саломат бурдааст",-афзуд манбаъ.

Ба қавли ин манбаъ, ҳамла дар мавзеи Дашти Шеваи 10-километрии вулусволии Шуғнон аз камин аз сӯи афроди номаълум сурат гирифта, бо зарби гулӯлаи норинҷакандоз (гранатомёт) мошини онҳо инфиҷор дода шудааст. Манбаъ мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ ҳамлаваронро аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон унвон мекунанд, ки ҳамкори Толибон дар ин минтақа аст ва аъзояш дар Бадахшони Афғонистон ҷойи по ёфтаанд.

Вулусволии Шуғнон қисмати афғонистонии ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон аст ва онҳоро танҳо дарёи Панҷ ҷудо мекунад. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гуфт, бидуни шак, марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон таҳти муроқибати шадиди ин ниҳод қарор дорад, аммо чӣ тадобир гирифта мешаванд, ахбори махфӣ аст.

Рӯзи сешанбе, 14-уми август, дар вулусволии Дашти Арчии бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳаммарзи вилояти Қундуз низ бар асари инфиҷори бомби дар як мототсикл ҷобаҷошуда, камаш 10 нафар кушта ва 28 тан захмӣ шуданд. Ин манбаъ мегӯяд, ин ҳодиса бо ҳамлаи террористӣ дар бозори шаҳри Қундуз ҳалқаи як занҷир буда, ҳадаф ноамн кардани марзҳои шимолии Афғонистон аст.

Рӯзи 2-юми август Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси Афғонистон эълом дошта буд, ки дар дараи Варсичи вилояти Бадахшони Афғонистон дар ҳудуди 400 то 1000 силоҳбадаст қарор дорад, ки “ҳадаф доштанд ба марзи Тоҷикистон аз Афғонистон дохил шуда, дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ноамниҳоро ба вуҷуд оранд”. Моҳи гузашта мақомоти Афғонистон аз таҷаммӯи гурӯҳи аз 150 то 200 нафарро хабар дода буданд, ки дар дараи душворгузари Варзичи вулусволиҳои Баҳорак ва Зебоки Бадахшони Афғонистон мустақар шудаанд. Бино ба иттилои ин манобеъ, ин гурӯҳ аз ҷангиёни Толибон, Ҷамоати "Ансоруллоҳ" ва Ҳаракати Исломии Узбакистон иборат буда, як гурӯҳи байналмилалист, ки миллатҳои гуногун – афғонҳо, тоҷикон, узбакҳо ва чеченҳоро дар бар мегирад. Ба қавли мақомоти амниятии Афғонистон, дар гузашта ин гурӯҳ бо ниҳодҳои пулиси Бадахшон вориди даргирӣ шуда, чанд нафарро қурбонӣ додааст, аммо шахсиятҳои онҳоро мақомот натавонистаанд шиносоӣ кунанд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ин гурӯҳ аз Покистон сармоягузорӣ мешавад ва ба назар мерасад, барои иҷрои амалиёте дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG