Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай аз Покистон қатъи ҳамлаҳоро талаб кард


Мулоқоти президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай (аз чап) бо шоҳи Арабистони Саудӣ малик Абдуллоҳ( аз рост)

Мулоқоти президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай (аз чап) бо шоҳи Арабистони Саудӣ малик Абдуллоҳ( аз рост)

Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай аз раҳбари Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ тақозо кард, ба ҳамлаҳо болои хоки Афғонистон хотима гузорад. Дар изҳороте, ки рӯзи чоршанбе идораи раёсатҷумҳурии Афғонистон нашр намуд, гуфта мешавад, ки рӯзи сешанбе дар Макка дар ҳошияи нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ Карзай ба Зардорӣ ёдовар шуд, ки тирборони хоки Афғонистон аз қаламрави Покистон ба афкори мардуми афғон дар бораи Покистон таъсири манфӣ мегузорад. Дар изҳороти идораи раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳамчунон зикр шудааст, ки ду раҳбар мувофиқат кардаанд, ба хотири арзёбии шикоят як ҳайати муштаракро ба марзи миёни Афғонистону Покистон ирсол намоянд.
XS
SM
MD
LG