Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгори муттаҳам ба педофилия 25 сол зиндонӣ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Ҷомӣ дар вилояти Хатлон як омӯзгори муттаҳам ба педофилияро ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Ахиран додгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷануби Тоҷикистон як омӯзгорро, ки дар "педофилия" мутаҳҳам мешуд, ба 25 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Ин омӯзгор ҳанӯз дар авохири моҳи июни соли ҷорӣ ба дунболи шикояти волидон дастгир ва тӯли ин муддат дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешуд.

Масъулони парвандаи Т.С. -- омӯзгори 32-сола аз ноҳияи Ҷомӣ мегӯянд, ӯ тайи ду соли охир нисбат ба шаш духтари хурдсол, ки дар синфи дуюм мехонданд, амалҳои бадахлоқонаро раво дидааст.
Вай соҳиби зану се фарзанд буда, тайи даҳ соли охир дар мактаби миёна барои шогирдони синфҳои 1-4, яъне кӯдакони аз 6 то 11-сола таълим медодааст.

Ин воқеа сокинони рустои Қулсанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро хеле сахт ба ташвиш овардааст ва то кунун аксари волидон мегӯянд, аз фиристодани духтарони хурдсолашон ба мактаб меҳаросанд. "Зеро боварии мо ба омӯзгорони мард то ҳадде коста шудааст",-гуфтанд онҳо дар сӯҳбат ба хабарнигори Озодӣ.

Ба дунболи ин ҳодиса Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, мавзӯи таҳия ва қабули қонуни марбут ба ташдиди ҷазо барои “педофилия”-ро масъалагузорӣ мекунанд. “Ҳарчанд кодекси ҷиноӣ зӯроварӣ ва ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати кӯдакон ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ кардааст, ҳоло банда сари ин андеша ҳастам, ки мо бояд масъалаи таъйини ҷазои сахттаре ба “педофилҳо”, нафаронеро, ки нисбати писарону духтарони хурдсол ҳаракатҳои бадахлоқонаи дорои хусусияти шаҳвониро раво мебинанд, ба миён гузорем",-илова карда буд ӯ.

Мақомоти додситонии вилояти Хатлон мегӯянд, ин дувумин ҷинояти марбут ба ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати шогирдони мактаб дар водии Вахш аст, ки дар як соли ахир рух медиҳад. Соли гузашта як муаллима дар ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ барои доштани робитаи маҳрамона бо шогирди ҳабдаҳсолааш низ боздошт шуда ва додгоҳ ӯро ба пардохти ҷарима маҳкум намудааст.
XS
SM
MD
LG