Пайвандҳои дастрасӣ

Як хато дар навишти ном сабаб шуд, ки фарзанди Шавкат Хоҷаев барои ӯ ба шахси бегона табдил ёбад.

Ин мард, ки соҳиби 4 фарзанд аст, мегӯяд, аз хурдӣ оилаи онҳо бо як насаб, яъне Хоҷаевҳо ном бурда мешуд, аммо чун фарзандон бузург шуданду соҳиби шиноснома гардиданд, насабашон Ходжаев гардид. Вай меафзояд, "ислоҳ карда мешавад, лекин ин вақти зиёдро мегирад. Боз бар зимми ин чанд қадар маблағ ва асаб лозим меояд, то ин ки ному насаб аслӣ карда шавад."

Сафия, як сокини дигари шаҳри Душанбе, агар аз даврони Шӯравӣ насаби нимтоҷикиву нимрусии Негматоваро ба мерос гирифта бошад, дар замони истиқлол миллати ӯ ғайриихтиёр аз тоҷик ба "узбак" иваз гаштааст. Ӯ дар ин бора гуфт, "ин чор сол пеш буд. Шиносномаамро иваз кардам. Ростӣ, дар рӯзҳои аввал аҳамият намедодам. Баъдтар яке аз фарзандонам диду гуфт, ки охир чаро инҷо миллати шуморо узбак навиштаанд? Гуфтам, намедонам. Дар шиносномаи қаблиам тоҷик будам, узбак кардаанд. Дигар давутоз ҳам накардам. Шиносномаамро нав кунам, шояд тоҷик кунанд."

Аммо ба таъкиди холаи Сафия имрӯз синну соли ӯ имкон намедиҳад, ки ба ниҳодҳои марбута рафта, ин хаторо ислоҳ кунад. Ба фарқ аз Сафия Негматова шаҳрвандони зиёде ҳастанд, ки маҷбуранд, пайи ислоҳи иштибоҳоти маъмурони ниҳодҳои давлатӣ шаванд. Гуфта мешавад, солҳои охир бо сабаби зиёд шудани ҳуҷҷатгирандагон ё камсаводтар шудани ҳуҷҷатдиҳандагон хато дар аснод бештар шуда ва мутаносибан муроҷиати мардум барои ислоҳи ин ғалатҳо низ густариш ёфтааст.

Соҷида Хоҷаева, як масъули идораи сабти аҳволи шаҳрвандон дар ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, гуфт, танҳо дар ду моҳи охир беш аз 60 нафар бо дархости ислоҳи иштибоҳ дар санади ҳувияташон ба ӯ муроҷиат кардаанд.
Иттифоқан бештари чунин шаҳрвандон замоне аз пайи ислоҳи хато шудаанд, ки дар гирифтани шаҳрвандии кишварҳои дигар зимни гуногунии номашон дар ҳуҷҷатҳои гуногун бо мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Вай сабаби чунин вазъиятро ин гуна шарҳ дод: "Дар идораҳои ЗАГС шояд муроҷиати шаҳрвандон зиёд бошад, шояд кори кормандони ин ниҳод зиёд бошад, ки онҳо тез-тез ба ғалат роҳ медиҳанд. Ё ин ки дар ин ҷойҳо одамоне, ки маълумоти олӣ надоранд, кор мекунанд. Ё як тарзи дурусти додани шаҳодатнома нест. Мисол, шаҳрвандон муроҷиат мекунанд, чӣ номе, ки мехоҳанд, мегузоранд. Масалан, агар Аҳлиддин бо ду "д" навишта шавад, шаҳрвандон ҳамин гуна номро ғалат пешниҳод мекунанд, мутахассисон низ якто "д" менависанд. Яъне, онҳо низ намегӯянд, ки тибқи меъёрҳои грамматикии забони тоҷикӣ бояд ду "д" ва ё ду "л" навишта шавад."

Душвории дигар замоне пеш меояд, ки номҳо ба шакли нав навишта мешаванд, ҳарчанд соҳибони ном ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ ба онҳо одат кардаву дил бастаанд. Раҷабалӣ Андамов, ки худ омӯзгор аст, ин насаби ғайриоддиро ба падараш, ки аслан Ҳамдамов буд, дар даҳаи 40-уми асри гузашта корманди ҷамоат додаанд. Ҳамин тавр, то ба имрӯз тамоми пайвандонаш бо ин насаб исмгузорӣ шудаанд.

Раҷабалӣ то ҷое бо ин насаб фахр ҳам мекунад, зеро ба гуфтаи ӯ, он ҳамто надорад: "Имрӯз ба қавле, ки ба насаби худамон, яъне Андамов чунон унс гирифтаем, ки ҳарчанд дар навишт хато ҳам бошад, вале мо нисбати фарзандони худ ин насабро раво мебинем ва бо ин насаб онҳоро ба қайд мегирем." Бо ин ҳам Раҷабалӣ Андамов, тарафдори чунин ғалатнависиҳо нест ва пешниҳод низ мекунад, ки дар ниҳодҳои марбута шахсони забондону босавод ба кор гирифта шаванд, то мушкиле дар номҳои асили тоҷикӣ пеш наёяд.

Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси тоҷик низ ба ин ақида мувофиқ аст. Ба гуфтаи ин забоншинос ҳамчун дастурамал барои чунин муассисаҳо бояд китобҳои махсус вуҷуд дошта бошад. Ӯ афзуд, "дар охири китобҳои имло номи шаҳрҳо, деҳаҳо, ҷумҳуриҳо, баъд намунаи номҳои шахсон ҳам агар ҳамин хел зикр мешуд, кори ҳамин гуна муассисаҳо хеле осон мегардид."

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон фарҳанги номгузориеро таҳия ва ба чоп омода кардааст, ки интизор меравад, то охири соли ҷорӣ бояд нашр ва миёни ниҳодҳои зирабти давлатӣ тавзеъ (паҳн) карда шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бино бар омори расмӣ солона дар Тоҷикистон наздик ба 200 ҳазор тифл ба дунё меояд, ки хоста мешавад ба ҳар кадоми онҳо номи зебо ва беғалат гузошта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG