Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Курил 2 киштии ҷангӣ мефиристад


Русия эълон кард, ки ду киштии ҷангиашро ба ҷазираҳои баҳсии Курил мефиристад. Ин иқдом ғолибан мояи хашми Ҷопон хоҳад шуд, ки низ бар ин 4 ҷазираи уқёнуси Ором даъво дорад. Вазорати дифоъи Русия гуфт, ин ду киштӣ ба манзури ширкат дар расми ёдбуди сарбозоне, ки дар поёни Ҷанги дувуми ҷаҳон кушта шуданд, аз 3 ҷазира дидан хоҳад кард. Ин киштиҳои флоти уқёнуси Ороми артиши Русия, қарор аст, аз 25 август то 17 сентябр ба ҷазираҳои Курил бираванд. Иттиҳоди Шӯравӣ Курилро баъди Ҷанги дувуми ҷаҳон тасарруф кард, вале Ҷопон ин сарзаминро то ҳол қаламрави худ ҳисоб мекунад. Сафари ду сол пеши Дмитрий Медведев ба Курил боиси таниши шадид дар равобити Маскаву Токио шуда буд.
XS
SM
MD
LG