Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 40 кушта дар бомбгузориҳои Афғонистон


Мавҷи бомбгузориҳо дар Афғонистон беш аз 40 кушта ба ҷо гузошт. Дар вулусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчии вилояти Қундуз бар асари таркиши бомб дар бозор дастикам 10 тан кушта ва 28 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар 3 ҳамлаи маргталабона дар Заранҷ – маркази вилояти ҷанубуғарбии Нимрӯз дастикам 36 нафар ҷон бохта, беш аз 100 тан ҷароҳат бардоштанд. Фармондеҳи амниятии Нимрӯз генерал Муҳаммадмӯсо Расулӣ гуфт, дастикам 3 тан аз маъмурони амниятӣ низ кушта шудаанд. Ҳамлаҳои дирӯза хунинтарин ҳамалоти соли ҷорӣ дар Афғонистон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG