Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роберт Блейк имрӯз вориди Узбакистон мешавад


Роберт Блейк

Роберт Блейк

Муовини вазири хориҷаи Амрико Роберт Блейк имрӯз бо хатми сафари Қазоқистон вориди Узбакистон мешавад ва то 18 август дар Тошканд хоҳад монд. Блейк, ки умури кишварҳои Осиёи марказиву ҷанубиро дар ихтиёр дорад, дар Алма-Ато дар як ҳамоиши махсуси масоили ҳамгироии минтақавии тоҷирон ширкат варзид. Ӯ дар Тошканд ҳайъати Амрикоро дар иҷлоси севуми мушовараҳои дуҷонибаи Амрикову Узбакистон раҳбарӣ хоҳад кард. Интизор меравад, ҳайъати Амрико бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Узбакистон низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG