Пайвандҳои дастрасӣ

Солрӯзи таслим шудани Ҷопон дар Ҷанги дувуми ҷаҳон


Имрӯз, 15 август, муовини вазири хориҷаи Амрико Роберт Блейк дар пайи Қазоқистон вориди Узбакистон хоҳад шуд. Имрӯз садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба сафари Канада меравад. Имрӯз муовини вазири хориҷаи Амрико Вендӣ Шерман бо як сафари дурӯза вориди Маскав мешавад. Имрӯз солгарди 77-уми пирӯзӣ бар Ҷопон дар ҷанги дувуми ҷаҳон аст. 15 августи соли 1990 шаҳрвандии шӯравиро ба адиб Александр Солженитсин баргардонданд. Ҳинд имрӯз солгарди 65-уми истиқлолаш аз Бритониёро таҷлил мекунад. Ва фурудгоҳи Сараево 15 августи соли 1996 баъди 4 соли ҷанг дубора ба қабули ҳавопаймоҳои мусофирбар оғоз кард.
XS
SM
MD
LG