Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА таҳримҳо алайҳи Риёз Ҳиҷобро лағв кард


ИМА таҳримҳо алайҳи нахуствазири пешини Сурия Риёз Ҳиҷобро лағв кард. Ҳафтаи гузашта ин мансабдори суриягӣ ба Урдун фирор кард ва бо мухолифини ҳукумати Башор Асад пайваст.

Вазорати молияи Амрико аз дигар атрофиёни Башор Асад ҳам, ки вурудашон ба Иёлоти Муттаҳида мамнӯъ ва ҳисобҳои бонкияшон мунҷамид шудаанд, даъват кардааст, ки дар пайравӣ аз Риёз Ҳиҷоб робитаро бо режими Димишқ қатъ кунанд.

Риёз Ҳиҷоб рӯзи сешанбе гуфт, режими Башор Асад танҳо 30 дар сади кишварро таҳти назорат дорад. Ӯ, ки баъди фирор барои нахустин бор дар маҳзари ом ҳозир шуд, режими Асадро “душмани худо” эълон кард. Ба гуфтаи Риёз Ҳиҷоб, режим аз ҷиҳати маънавӣ, молӣ ва низомӣ суқут кардааст. Ӯ аз мақомоти дигари ин кишвар даъват кард, ки бо шӯришгарон ҳамроҳ шаванд.
XS
SM
MD
LG