Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулиси роҳи шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба як торнамои интернетӣ пешниҳоди ҳамкорӣ кардааст.

Торнамои "Я паркуюсь как осел" як сол пеш таъсис ёфт ва ҳоло дар он тақрибан якуним ҳазор аксҳое, ки ронандаҳо мошинҳои худро дар ҷойҳои мамнӯъ порк ё ҷогузорӣ кардаанд, ҷой дода шудааст. Роман Слегин, сардабири торнамо, мегӯяд, дар Алмаато порк кардани мошин хело мушкил аст, зеро баъзе аз ронандаҳо мошини худро ҳар ҷо ки хоҳанд, ҷойгузорӣ мекунанд ва роҳи дигар мошинҳову нақлиёти мусофирбарро мебанданд.

Ба гуфтаи ӯ, кор то ҷое расидааст, ки ронандаҳои беинсоф мошинҳои худро дар ҳавливу даромадгоҳҳои биноҳои бисёрманзила ва ҳатто майдончаи бозии кӯдакон порк мекунанд. Роман Слегин меафзояд, ӯ аз ин вазъ хаста шуд ва тасмим гирифт, барои мубориза бо ронандаҳои қонуншикан торнамои интернетӣ таъсис кунад. “Аслан кори асосиро на мо, балки шаҳрвандон иҷро мекунанд. Онҳо акси мошинҳоеро ба торнамо мефиристанд, ки дар роҳҳои мошингарду пайраҳаҳои раҳгузар ва дар дигар ҷойҳои мамнӯъ ҷойгузорӣ шудаанд”, мегӯяд Роман.

Роман Слегин

Роман Слегин

Кормандони торнамо, ки се нафаранд, қабл аз гузоштани аксҳо дар торнамо онҳоро мӯшикофона тафтиш мекунанд, зеро имкон дорад баъзе аксҳои аз тариқи барномаи “Фотошоп” таҳриршударо барояшон фиристанд. Айни ҳол ба торнамои “Я паркуюсь как осел" аз ҳама манотиқи Қазоқистон аксҳо мерасанд.

Роман Слегин мегӯяд, онҳо пешниҳоди пулиси шаҳри Алмааторо пазируфтанд ва ҳамкориро аллакай шурӯъ кардаанд: "Аввалан мо гоҳ-гоҳе ҳамроҳ бо онҳо ба рейд мебароем ва акс мегирем. Сониян, мо торнамои худро такмил кардем, акнун баробари гузоштани акс муаллиф метавонад вақти дақиқ ва ҷойи мошини қонуншиканро дар харита нишон диҳад ва корманди пулиси роҳ имкон меёбанд, ки гунаҳкорро ба муҷозоти маъмурӣ бикашанд."

Роман Слегин мутмаин аст, афроде, ки мошинро нодуруст порк мекунанд, ё қоидаҳои ҳаракати роҳро намедонанд ё дигаронро эҳтиром намекунанд. Ӯ меафзояд, ҳадафашон на фақат муҷозоти ронандаҳои беинсоф, балки ҷалби таваҷҷӯҳи ҳукумат ба мушкили дарёфти поркинг дар кишвар аст.

Вокуниши сокинони Алмаато ба иқдоми торнамои “Я паркуюсь как осел" гуногун аст. Аксаран аз он пуштибонӣ мекунанд ва аммо бархе мегӯянд, назорати порки мошинҳо бояд фақат бар дӯши нозирони роҳ бошад. Бархе ҳукуматро айбдор мехонанд ва мегӯянд, дар ҳоле ки теъдоди мошинҳо дар кишвар тақрибан бо шумораи аҳолӣ баробар шудааст, ба мавзӯи таъсиси поркинги мошин дар шаҳрҳои бузург аслан таваҷҷуҳ намекунад

Зимнан, мубориза бо порки нодурусти мошинро дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ ҳам метавон шоҳид шуд. Дар ин кишварҳо фаъолони мубориза бо ҷойгузории нодурусти мошинҳо рӯи шишаҳои мошинҳои “қонуншикан” варақае мечаспонанд, ки кандани он тақрибан номумкин аст.

Дар Маскав, пойтахти Русия, чанд сол боз амалиёти “Стоп Хам!” идома дорад. Гурӯҳи фаъолони ҳаракати зидди порки ғайриқонунӣ дар шишаҳои пеши мошинҳо варақи бузургеро мечаспонанд, ки дар он навишта шудааст: “Ман ба ҳама туф кардаам. Дар куҷое, ки хоҳам, мошинро порк мекунам”. Аммо инро на ҳама ронандаҳо таҳаммул мекунад ва баъзан кор то ба кашокашиву занозанӣ анҷом меёбад.

Ду моҳ пеш ҳамин гуна низоъ бо завҷаи намояндаи Ҷумҳурии Чеченистон дар Маскав рух дода буд. Хонуми аз амали “Стоп Хам!” норозӣ ба пайвандонаш занг зад ва онҳо омада бо фаъолони ин ҳаракат вориди бархӯрд шуданд. Баъд аз пахши навори ин муноқиша дар YouTube раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров намояндаи ҷумҳурӣ дар Маскавро аз мақомаш барканор кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG