Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҳои Тунис аз ҳуқуқҳояшон дифоъ мекунанд


Дар Тунис тақрибан шаш ҳазор нафар дар намоишҳои пуштибонӣ аз ҳуқуқҳои занон ширкат карданд. Гирдиҳамоӣ дар пойтахт, шаҳри Тунис, аз сӯи шаҳрдорӣ иҷоза дода шуда буд ва аммо дар Сфакс мардум дар намоиши бидуни иҷоза ҷамъ омаданд. Гирдиҳамомадагон алайҳи тағйирот ба тарҳи Қонуни асосии кишвар, ки аз сӯи ҳукумати исломӣ пешниҳод шудааст, эътироз карданд.

Фараҳ, яке аз эътирозгарон мегӯяд:ки "вазифаи мо нишон додани он аст, ки занҳои тунисӣ иловае ба мардҳо нестанд, онҳо мустақиланд ва ҳуқуқҳои баробар бо мардҳо доранд. Мо ин ҷо омадем нишон диҳем, ки мо чун мардон зиёд кор мекунем ва дар ҷомеъа мақомеро доред, ки онҳо доранд".

Эътирозгарон талаб карданд, ҳукми қонуни соли 1956, ки дар он баробари комили марду зан эълон шудааст, боқӣ бимонад. Қонуни соли 1956 аввалин санад дар дунёи араб аст, ки бисёрникоҳӣ ва талоқи якҷонибаро маън мекунад, ки маъмулан аз ҷониби мардҳо бо се такрор кардани калимаи “талоқ” анҷом мешавад.
XS
SM
MD
LG